Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Тоҷикистон фардо Маскав меравад


Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор аст фардо дар кори нишасти раҳбарони давлатҳои узви Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав ширкат кунад. Дар ин нишаст масоили амниятӣ дар қаламрави кишварҳои узви ин Шӯро баррасӣ хоҳад шуд. Зери созишномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки соли 1992 қабул шудааст, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон имзо гузоштаанд. Ва имрӯз дар Маскав нишасти шӯрои вазирони хориҷии Созмони амнияти дастаҷамъӣ ҷараён дорад, ки дар кори он Ҳамроҳхон Зарифӣ, раҳбари сиёсати хориҷии Тоҷикистон иштирок мекунад. Яке аз масоили аслии мавриди баррасӣ низои ахири мусаллаҳонаи Русия ва Гурҷистон хоҳад буд, ки дар пайи он Маскав истиқлолияти ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро ба расмият шинохт.

XS
SM
MD
LG