Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян реактори Ёнгбонгро эҳё мекунад


Кореяи Шимолӣ ба эҳёи реактори ҳастаии Ёнгбонг шурӯъ кард. Дар ин бора вазорати умури хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ хабар додааст. Ба иттилоъи ин манбаъ, эҳёи реактор рӯзи душанбе, баъд аз он шурӯъ шуд, ки Пхенян ба тақозояш аз ИМА барои ихроҷи Кореяи Шимолӣ аз феҳрасти кишварҳои пуштибони терроризм посух нагирифт. Дипломатҳои ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ барои машварат ба Пекин мераванд.
Моҳи гузашта мақомоти Кореяи Шимолӣ Вошингтонро ҳушдор дода буданд, ки алорағми созишҳои ҳосилшуда тахриби муассисаҳои ҳастаии худро мутаваққиф месозанд. Моҳи июн таҳти назорати нозирони амрикоӣ ва Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ Кореяи Шимолӣ яке аз манораҳои асосии реактори ҳастаӣ дар Ёнгбонгро тахриб карда буд. Соли гузашта дар музокироти ҳайатҳои шаш кишвар – Кореяҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, ИМА, Русия, Чин ва Ҷопон созиш ҳосил шуда буд, ки Пхенян дар ивази кумакҳои иқтисодӣ ва берун кардани исми кишвар аз феҳрасти кишварҳои пуштибони терроризм идомаи пажуҳиши барномаи ҳастаиро қатъ ва муассисаҳои ҳастаии мавҷударо тахриб мекунад.

XS
SM
MD
LG