Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви таҷлили рӯзи истиқлол дар Қирғизистон


Донишҷӯёни қирғиз барои мунтахаби наврасонаи баскетболи Қирғизистонро, ки дар ин суқути ҳавопаймо нобуд шуданд, мотам гирифтаанд
Донишҷӯёни қирғиз барои мунтахаби наврасонаи баскетболи Қирғизистонро, ки дар ин суқути ҳавопаймо нобуд шуданд, мотам гирифтаанд

Мақомоти раҳбарии Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки ба далели суқути ҳавопаймои мусофирбари «Боинг-737» ва ба ҳалокат расидани 65 мусофири он аз таҷлили рӯзи истиқлолияти кишвар дар Бишкек худдорӣ варзанд.

Гуфта мешавад, ҳар сол мардуми кишвар 31 августро ба ҳайси рӯзи истиқлол таҷлил мекард, аммо баъди 16 сол барои нахустин бор дар Бишкек аз таҷлили ин ид сарфи назар хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки майдони марказии Алатоо, воқеъ дар шаҳри Бишкек, барои чунин чорабинӣ қаблан омода гардида ва суханронии раҳбарони давлат ва намоиши барномаҳои густардаи тафреҳӣ низ барномарезӣ шуда буд.

Ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон, анъанаҳои суннатии мардуми кишварашон роҳ намедиҳанд, ки ғаму андӯҳи пайвандони қурбониёни ҳавопаймои ба суқут мувоҷеҳгардида нодида гирифта шавад.

Дар варақаи иттилоъияи ҳукумати ҷумҳурии Қирғизистон тазаккур ёфтааст, ки таҷлили рӯзи истиқлол барои мардуми қирғиз ва ақвоми дигари Қирғизистон аз чорабиниҳоест, ки дараҷаи аввал маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, ҳукумати ҷумҳурӣ чунин мешуморад, ки дар вилоятҳои кишвар чорабиниҳои идона тибқи нақшае сурат хоҳанд гирифт, ки қаблан барномарезӣ шудаанд.

Ин манбаъ афзудааст, мардуми Қирғизистон тасмими ҳукумати ҷумҳуриро дуруст қабул хоҳад кард ва ба аъзои хонаводаи қурбониёни ҳавопаймои «Боинг-737»-ро, ки ба суқут мувоҷеҳ шуд, ҳамдардии худро иброз хоҳанд дошт.

Рӯзи 24 август ҳавопаймои «Боинг-737», ки аз майдони ҳавоии Манаси Бишкек ба самти Теҳрон парвоз карда буд, баъди аз замин боло шудан ба мушкилоти фаннӣ дучор омад. Ба гуфтаи мутахассисон, халабонҳои он кӯшиш ба харҷ доданд, ки ҳавопайморо ба майдони ҳавоии Манас фуруд оваранд, вале кӯшиши онҳо натиҷае надод. Пас халабонҳо дар наздикии майдони Манас фуруди иҷборӣ анҷом доданд, ки мунҷар ба марги 65 нафар гардид.

Хушбахтона 25 сарнишини ин ҳавопаймо ҷон ба саломат бурданд, ки панҷ нафари онҳо мавриди муолиҷа қарор доранд. Ба гуфтаи пизишкони Маркази илмиву пажуҳишии осебшиносӣ ва ортопедии Бишкек, вазъи саломатии ду мусофири ҳавопаймо нигаронкунанда боқӣ мондааст.

Нурлан Сулаймонов, вазири нақлиёт ва коммуникасияҳои Қирғизистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, мутахассисони Кумитаи байнулмилалии ҳавонавардӣ дар Маскав, тавассути қуттиҳои сиёҳ сабабҳои суқуқти ҳавопайморо таҳқиқ мекунанд. Вай гуфт, ки фақат баъди анҷоми таҳқиқ натиҷаҳои онро эълон хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG