Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони рӯзи мотами миллӣ дар Қирғизистон


Бар асари суқути як ҳавопаймо дар Қирғизистон 65 нафар сарнишини он кушта ва боқӣ захмӣ шуданд
Бар асари суқути як ҳавопаймо дар Қирғизистон 65 нафар сарнишини он кушта ва боқӣ захмӣ шуданд

Қирғизистон 26 августро рӯзи мотами миллӣ эълон кард. Дар ин маврид президент Боқиев фармоне содир намуд.

Рӯзи сешанбе парчами давлатӣ поин фароварда шуд. Дар радио ва телевизиони ҷумҳурӣ, ки гуфта мешавад, барномаҳои фаровони тафреҳӣ пахш мекарданд, тибқи амри раиси ҷумҳур, пахши ин барномаҳо лағв гардид.

Оё эълон шудани рӯзи мотамро дар тарабхонаҳо риоя хоҳанд кард ва оё радиоҳои хусусӣ, ки 70 дарсади барномаҳояшон аз суруду мусиқӣ иборат аст, мотам хоҳанд гирифт?

Як ҳамсӯҳбатам, ки аз сабти овоз ва зикри номаш худдорӣ кард, мегӯяд, ки дар тарабхонаи онҳо имрӯз ду чорабинӣ барномарезӣ шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, маҳфили аввал ба рӯзи таваллуди яке аз соҳибкорон марбут аст, ки ҳанӯз як ҳафта пеш меҳмонони зиёд ба он даъват шудаанд.

Ҳамсӯҳбатам афзуд, чорабинии дигарро як гурӯҳ ҷавонон таъсис доданианд, ки аз вилоятҳои кишвар дар Бишкек ҷамъ омадаанд. Вай гуфт, шубҳае нест, ки ба рӯзҳои дигар мавқуф гузоштани ин чорабиниҳо берун аз имкони онҳост.

Субҳи рӯзи сешанбе яке аз родиоҳои хусусӣ консерт пахш мекард ва муҷрии барнома фаромӯш карда буд, ки 26 август дар Қирғизистон рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст.

Ёдовар мешавем, ки шоми рӯзи якшанбе ҳавопаймои мусофирбари «Боинг-737», ки аз Бишкек ба Теҳрон парвоз карда буд, баъди чанд лаҳзаи парвоз ба мушкилоти фаннӣ дучор шуд. Гуфта мешавад, ки талоши халабонҳо дар мавриди он ки ҳавопайморо ба майдони ҳавоии Манас бирасонанд, бенатиҷа анҷомид.

Пас халабонҳо маҷбур шуданд, ки ба ҳар сурат ҳавопайморо ба замин фуруд оваранд. Ин ҳавопаймо ба киштзори деҳаи Янгиариқи ноҳияи Соқулук, воқеъ дар вилояти Чуй, нишасти иҷборӣ анҷом дод, вале дар натиҷаи бархӯрд ба замин оташ гирифт. Аз 90 сарнишини он 65 нафар ба ҳалокат расиданд. Мусофирони боқимонда бо кумаки мардуми маҳаллӣ ва кормандони вазорати вазъи изтирорӣ, ки ба ҷои ҳодиса расида омаданд, наҷот ёфтанд. Дар ҳамин ҳол 13 нафар дар бемористон муъолиҷа мешаванд, ки 8 нафари онҳо шаҳрвандони Эрон мебошанд.

Рамис Усенбеков, муовини мудири маркази илмиву пажуҳишии осебшиносӣ ва ортопедии Бишкек, мегӯяд, ки дар ҳамин ҳол вазъи саломатии се мусофири ҳавопаймои «Боинг-737» нигаронкунанда боқӣ мондааст. Ба гуфтаи оқои Усенбеков, вале пизишкони қирғизу эронӣ талошҳои зиёд ба харҷ медиҳанд, ки вазъи ин мусофирон рӯз аз рӯз беҳбуд ёбад.

Ба гуфтаи оқои Аскаров онҳо қуттии сиёҳро ба мутахассисони кумитаи байнидавлатии ҳавонавардии Маскав интиқол хоҳанд дод, то ки сабабҳои суқути ҳавопаймои «Боинг-737»-ро тақиқ намоянд. Дар ҳамин ҳол мақомоти вазорати нақлиёт ва коммуникасияи Қирғизистон аз сиёсатмадорон, раҳбарони аҳзоби сиёсӣ, депутатҳои порлумон ва хабарнигорон даъват кардаанд, ки дар мавриди арзёбии сабабҳои суқути ин ҳавопаймо худдорӣ варзанд.

Ба гуфтаи Нурлан Сулаймонов, вазири нақлиёт ва коммуникасияи Қирғизистон, набояд фаромӯш кард, ки садҳо пайвандони қурбониёни суқути ҳавопаймо ҳодисаро пайгирӣ мекунанд ва барояшон шунидани изҳороти беасос ва бемағзу бемаънӣ хеле гарон хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG