Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як киштии ИМА ба Гурҷистон кумаки башарӣ овард


Киштии низомии ИМА бо кумакҳои башарӣ ба бандари Батумии Гурҷистон ворид шуд. Даллас дуюмин киштии низомии ИМА мебошад, ки аз замони оғози низоъ миёни Русияву Гурҷистон аз ин кишвар зиёрат мекунад.
Рӯзи якшанбе киштии Макфаул ба бандари Батумии Гурҷистон кумаки башарӣ интиқол дода, сипас рӯзи сешанбе бандарро тарк намуд. Сухангӯи низомиёни ИМА Скот Миллер мегӯяд, ки киштии Макфаул обҳои баҳри Сиёҳро тарк намекунад.
Дар ин байн имрӯз киштиҳои ҷангии Русия вориди Абхозистон шуданд.
Ноиб-адмирали пойгоҳи Русия Сергей Меняйло ба хабарнигорон гуфтааст, ки вазифаи киштиҳои низомии Русия дар Абхозистон таҳкими назму субот, ҷилавгирӣ аз содироти силоҳ ба Гурҷистон ва интиқоли кумакҳои башарӣ мебошад.
Рӯзи сешанбе низомиёни Русия афзоиши фаъолияти паймони НАТО дар Баҳри Сиёҳро танқид карданд.

XS
SM
MD
LG