Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопайморабоён ба Фаронса парвоз карданиянд


Афроде, ки ҳавопаймои мусофирбари Боинг 737-и ширкати SunAir-и Судонро рабудаанд, ҳадафи парвоз ба Фаронсаро доранд. Ин ҳавопаймо бегаҳи дирӯз бар асари кам будани маводи сӯхт дар як фурудгоҳи низомии Либия нишаст. Ба иттилоъи хабаргузории давлатии Либия Jana, ҳавопайморабоён талаб кардаанд, ки ҳавопаймо бо маводи сӯхт таъмин шавад то онҳо ба Фаронса парвоз кунанд.

Дар ин ҳавопаймо, ки аз шаҳри Ниялаи минтақаи Дорфур ба пойтахти Судон Хартум парвоз мекард, тақрибан сад нафар ҳузур доранд. Ба иттилоъи гурӯҳи “Ҳаракати Озодӣ” миёни мусофирони ҳавопаймо се тан аз раҳбарони ин гурӯҳи ошубгарон низ ҳастанд, ки бо ҳукумати марказӣ созиши сулҳро имзо кардаанд.

Як халабони ҳавопаймо ба хабаргузории Jana гуфтааст, ки ҳавопайморабоён мансуб ба гурӯҳи ошубгарон дар минтақаи Дорфуранд. Ба гуфтаи ӯ, теъдоди ҳавопайморабоён беш аз даҳ нафар аст. Ва аммо онҳо ҳанӯз талабе ба миён нагузоштаанд.
XS
SM
MD
LG