Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши тавлиди хашхош дар Афғонистон


Имсол тавлиди афюн дар Афғонистон назар ба соли гузашта тақрибан 6 дар сад коҳиш ёфтааст. Дар як гузориши ниҳоди мубориза ба ҷиноёти муташаккил ва гардиши ғайриқонунии маводи мухадири СММ ҳамчунин дар бораи 19 дар сад кам шудани майдони кишти хашхош дар ин кишвар хабар дода шудааст. Муаллифон навиштаанд, ки коҳиши тавлиди афюн фақат дар манотиқи шимол ва шарқи Афғонистон сабт шудааст, дар ҷануби кишвар, ки мавқеъи толибон мустаҳкам аст, то ҳанӯз сатҳи баланди тавлиди маводи мухадир ба мушоҳида мерасад. Афғонистон яке аз бузургтарин тавлидкунандагони маводи мухадир дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG