Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Караҷич хостори лағви мурофиаи додгоҳияш шуд


Радован Караҷич, раҳбари собиқи сербҳои Боснӣ талаб кард, ки мурофиаи додгоҳияш лағв карда шавад, зеро ин мурофиа, аз нигоҳи ӯ, одилона нахоҳад буд. Ба гуфтаи раҳбари собиқи сербҳои Боснӣ, расонаҳои хабарӣ аз ӯ як аждаҳо тарошидаанд. Радован Караҷич, ки аз сӯи Додгоҳи Ҳейг ё Гаага оид ба Югославияи собиқ дар ҷиноёти низомӣ, ҷиноёт алайҳи башарият ва наслкӯшӣ дар давраи ҷанги Боснӣ дар миёнаҳои солҳои 90-уми қарни гузашта муттаҳам мешавад, 13 сол мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт. Ӯро моҳи гузашта дар Белград боздошт карда ва ба Ҳейг интиқол доданд.

Рӯзи ҷумъа Радован Караҷич бояд бори дуввум дар мурофиа ба суолҳои додрасҳо посух бигӯяд.

XS
SM
MD
LG