Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳои байналмилалӣ ба тасмими Русия


Дар вокуниш ба тасмими ахири Русия, ки Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ - ин ду вилояти ҷудоиталаби Гурҷистонро ба расмият шинохт, Бритониё ва Фаронса мукарраран пуштибонии худ аз тамомияти арзии Гурҷистонро изҳор дошта, эътирофи Абхозистону Осетияи ҷанубӣ аз ҷониби Русияро маҳкум кардаанд. Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс ин гоми Маскавро таассуфангез номид.

Ва Александр Штубб, вазири хориҷаи Финландия, ки раёсати давраии САҲА-ро бар ӯҳда дорад, гуфта, ки тасмими Маскав принсипҳои ин созмонро зери по мекунад.

XS
SM
MD
LG