Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул бознигарии мақоми нерӯҳои хориҷиро мехоҳад


Ҳукумати Афғонистон хостори бознигарии созишҳо оид ба ҳузури нерӯҳои байнулмилалӣ дар кишвар шуд. Тибқи хабарҳо, мақомоти кишвар мехоҳанд доираи амали ин нерӯҳоро мушаххас ва ба ин васила аз куштори мардуми осоишта ба асари ҳамлаҳои ҳавоӣ, аз боздошти ғайриқонунӣ ва кофтукоби манзил аз сӯи низомиёни хориҷӣ ҷилавгирӣ кунанд. Низомиёни нерӯҳои байнулмилалӣ таҳти фармони НАТО гуфтанд, ки дар бораи ин талаби ҳукумати Афғонистон иттилоъ надоранд.

Талаби бознигарии шароити ҳузури нерӯҳои байнулмиллалӣ дар Афғонистон як рӯз баъд аз он ба миён омад, ки як комиссиюни ҳукуматӣ ҳалокати беш аз 90 сокини осоишта бар асари як ҳамлаи ҳавопаймои низомии амрикоӣ дар минтақаи Шиндонди вилояти Ҳиротро тайид кард. Нерӯҳои амрикоӣ гуфтанд, ки дар ин ҳамла тақрибан 30 тан аз толибон кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG