Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии эътирофи ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳ аз сӯи Русия


Имрӯз ҳарду палатаи порлумони Русия дар нишастҳои ғайринавбатии худ мавзӯъи имкони эътирофи истиқлоли Осетияи ҷанубӣ ва Абхазистонро баррасӣ хоҳанд кард. Раҳбарон ва порлумонҳои ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳ дар ҳайати Гурҷистон аз раисиҷумҳури Русия, Думаи Давлатӣ ва Шӯрои Федератсияи Русия хостори эътирофи мустақилияташон шудаанд.

Як ҳафта пеш Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия дар мулоқот бо Эдуард Кокойта ва Сергей Багапш эълом дошт, ки Маскав аз ҳама гуна тасмими Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон дар бораи мақоми ин ҷумҳуриҳо пуштибонӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG