Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ҳамкорӣ бо НАТО-ро мутаваққиф кард


Кармен Ромеро, сухангӯи НАТО хабар дод, ки Русия дар бораи мутаваққиф кардани равобити низомии худ бо ин паймон тасмим гирифтааст. Хонум Ромеро дар бораи он ки ин тасмими Русия то куҷо ба интиқоли таҷҳизоти ғайринизомии Паймони Атлантикаи Шимолӣ ба Афғонистон таъсир хоҳад дошт, изҳори беиттилоотӣ кард.
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров дар сӯҳбат бо хабарнигорон эълом дошт, ки Маскав дарҳояшро барои ҳамкорӣ бо НАТО ба ҳамешагӣ набастааст ва аммо сарварони паймон бояд авлавиятҳои стротежиашонро муайян кунанд ва миёни пуштибонӣ аз режими варшикастаи Саакашвилӣ ё идомаи ҳамкории муфид бо Русия якеро интихоб кунанд.

Равобити Русия ва НАТО баъд аз он рӯ ба сардӣ ниҳод, ки паймон дар муноқишаи Маскав ва Тифлис аз Гурҷистон ҳимоят кард. Баъзе кишварҳои узви аъзои НАТО ҳатто хостори ба узвияти паймон қабул кардани Гурҷистон шуданд.

XS
SM
MD
LG