Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду намозгузор дар масҷиди Боку


Бар асари таркиш дар як масҷид дар маркази Боку ду нафар ба ҳалокат расида, 9 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ба иттилоъи мақомоти додситонии Озарбойҷон, бегаҳи якшанбе афроди ношинос ба бинои масҷид норинҷак партоб карданд. Дар ин ҳодиса имом-хатиби масҷид низ осеб дидааст. Хадича Исмоилова, раҳбари дафтари Радиои Озодӣ дар Боку аз ҷойи ҳодиса хабар дод, ки афроди ношинос норинҷакро аз тиреза ба дохили масҷид дар ҳоле ҳаво доданд, ки гурӯҳи мардон он ҷо намоз мегузоштанд.

Ҷустуҷӯи афроди дар инфиҷор дастдошта идома дорад.

XS
SM
MD
LG