Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макони таҷлили ҷашни Афғонистонро махфӣ кардаанд


Афғонистон дар пайи сӯъиқасди нокоми моҳи апрел алайҳи раисиҷумҳураш Ҳомиди Карзай, ки дар ҷашни солгарди вуруди муҷоҳидин ба Кобул сурат гирифт, маҳалли баргузории ҷашни истиқлолияти худро тағйир дода, онро махфӣ нигоҳ медорад. Афғонистон рӯзи душанбеи 18 август аз солигарди навадуми истиқлолияташ таҷлил мекунад.

Аммо сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон Зоҳир Азимӣ ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, далели табдили макони ҷашн ҷилавгирӣ аз эҷоди халал дар равуои мардум аст.

Ҷашнҳои қаблии истиқлолияти Афғонистон бо ҳузури мақомоти баландпояи давлат дар як варзишгоҳ, дар наздикии Кохи раёсати он ҷумҳурӣ доир мешуд.

XS
SM
MD
LG