Пайвандҳои дастрасӣ

Қавли Русия ба минтақаҳои ҷудоихоҳ


Раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев имрӯз гуфт, Русия аз ҳар қароре, ки мардуми Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон доир ба сарнавишти ояндаи ин минтақаҳо қабул мекунанд, ҳимоят хоҳад кард. Дмитрий Медведев бо раҳбарони ин ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон имрӯз дар Кохи Кремл мулоқот дошт. Хабаргузориҳои Русия аз қавли Медведев навиштаанд, ки Русия на танҳо аз мавзеъи ин ду минтақа барои мақоми ояндаи онҳо ҳимоят хоҳад кард, “балки замонати иҷрои он ҳам дар Қафқоз ва ҳам дар саросари ҷаҳонро хоҳад дод.”

XS
SM
MD
LG