Пайвандҳои дастрасӣ

Номаълумии нияти нерӯҳои Русия


Доир ба хуруҷи нерӯҳои низомии Русия аз Гурҷистон гузоришҳои зидду нақиз мерасанд, ҳарчанд бар асоси созиши оташбас миёни ду кишвар, бояд онҳо шаҳрҳои Гурҷистонро тарк кунанд. Субҳи имрӯз вазорати умури дохилаи Гурҷистон гуфт, нерӯҳои Русия шаҳри Бандарии Потиро тарк карда ва аз шаҳри аз назари стротежӣ муҳими Горӣ, воқеъ дар марзи Осетияи Ҷанубӣ берун мешаванд. Аммо чанд соат баъд вазорати умури хориҷаи Гурҷистон гуфт, баръакс теъдоди сарбозони Русия дар Горӣ афзуда ва нерӯҳои онҳо ба шаҳри Потӣ ҳаракат мекунанд. Ҳанӯз сабаби муттавақиф шудани тарки Горӣ маълум нест, агарчӣ баъзе маъмурони пулиси гурҷӣ гуфтаанд, ки шарикони нерӯҳои Русия ҷангиёни маҳаллии Осетияи Ҷанубӣ аз тарки шаҳри Горӣ сарпечӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG