Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс ба Порис ва Тифлис меравад


Котиби давлатии ИМА Кондализа Райс ба Фаронса ва Гурҷистон сафар мекунад. Ба гуфтаи раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш, сафари хонум Райс ба Тифлис бояд “пуштибонии халалнопазир”-и Вошингтон аз мақомоти Гурҷистонро намоиш диҳад.

Қабл аз сафар Котиби давлатии ИМА бори дигар аз Русия даъват кард, ки "амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Гурҷистонро қатъ кунад ва ба тарҳи сулҳи Гурҷистон, ки бо миёнҷигарии Фаронса пазируфта шудааст, арҷ гузорад".

XS
SM
MD
LG