Пайвандҳои дастрасӣ

Буш Русияро масъули ташаннуҷи вазъ дар Кафқоз хонд


Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, дар як изҳорот дар робита ба вазъ дар Гурҷистон, аз идомаи низоъи мусаллаҳона изҳори нигаронӣ кард ва масъулияти густариши низоъро бар дӯши Русия вогузошт. Президенти Амрико гуфт, ки "Русия ба қаламрави кишвари мустақили ҳамсоя ворид шуда ба ҳукумати демократии аз сӯи мардум интихобшуда таҳдид мекунад". Ин гуна амал, афзуд Ҷорҷ Буш, дар қарни 21 қобили қабул нест.

Раиси ҷумҳури ИМА гуфт, ки ин амали Русия ба равобити ин кишвар бо Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо латма мезанад. Буш ба оташбаси фаврӣ дар Гурҷистон даъват кард ва аз тарҳи пешниҳодкардаи Фаронса барои ҳалли низоъ пуштибонӣ намуд. Тибқи ин тарҳ бояд оташбас эълон шавад ва нерӯҳои Русияву Гурҷистон Осетияи Ҷанубиро тарк намоянд. Ин тарҳро дирӯз раисиҷумҳури Гурҷистон Саакашвилӣ дар ҳузури вазири хориҷаи Фаронса Бернард Кушнер имзо карда буд.
XS
SM
MD
LG