Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо ба мардуми Осетияи Ҷанубӣ кумак мекунад


Комиссиюни Аврупо эълом дошт, Иттиҳодияи Аврупо барои ниёзмандиҳои фаврии мардуми осоишта, ки бар асари низоъ дар Осетияи ҷанубӣ зарар дидаанд, як миллион евро тахсис додааст. Дар эъломияи Комиссиюни Аврупо омадааст, ки ин маблағ барои кумаки оҷили тиббӣ, оби пок, маводи озуқа ва бунёди паноҳгоҳҳои муваққат сарф хоҳад шуд. Луи Михел, масъули бахши рушд ва кумаки башарии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки аз низоъ дар Осетияи ҷанубӣ ҳазорҳо сокинони осоишта, аз ҷумла, занону кудакон зарар дидаанд. Ӯ даъват намуд, ки амалиёти низомӣ дар минтақа қатъ карда шавад.
XS
SM
MD
LG