Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳолати ҷанг" дар баъзе нуқоти Абхозистон


Тибқи гузоришҳо, раҳбари минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистон ба мӯҳлати 10 рӯз дар манотиқи наздик ба нуқоти таҳти контроли Гурҷистони ин ҷумҳурӣ "ҳолати ҷанг"-ро ҷорӣ кардааст. Хабаргузориҳои русӣ дар нақли қавл аз Сергей Багапш навиштаанд, ки ҳолати ҷангӣ дар манотиқи ҳаммарз бо Гурҷистон ҷорӣ шуда аз нимашаби имрӯз ба ҳукми иҷро медарояд. Зимни як нишасти матбуотиаш нисфирӯзи якшанбе дар Батумӣ Багапш барои басиҷшавии кулли нирӯҳои низомии ин ҷумҳурӣ даъват ба амал овард. Вай гуфт, ки ҳудудан ҳазор сарбозро ба водии Кодорӣ, минтақаи дигари мавриди баҳси миёни Гурҷистону Абхозистон сафарбар мекунад.

"Мо дар баробари мардуми Осетияи Ҷанубӣ ӯҳдадориҳои худро дорем ва мо ин ӯҳдадориҳоямонро ба иҷро мерасонем, шояд гоҳо ин амалҳои мо муғоир бо созишномаҳои Маскав бошад. Мо набудем, ки аввалин шуда ин созишномаҳоро поймол кардем, аммо мо ба хотири расидан ба мақсад ба ин роҳ рафтем".

Ҳукумати Гурҷистон гуфт, ки ба Абхозистон ҳудудан 4000 нирӯи русӣ ворид шудаанд ва ба қавли Тифлис, Маскав барои таҳоҷуми нав ба минтақа омодагӣ мебинад. Қувваҳои низомии Русия вуҷуди ин гуна нақшаҳоро рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG