Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои шадиди Осетияи Ҷанубӣ идома дорад


Дар ҷумҳурии ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ даргириҳои шадиди миёни нирӯҳои Русияву Гурҷистон барои назорат бар ин минтақа идома дорад. Фармондеҳи нирӯҳои заминии Русия Владимир Болдирев гуфт, субҳи шанбе сарбозони онҳо пойтахт - шаҳри Схинволиро "пурра озод" карда нирӯҳои гурҷиро аз шаҳр берун карданд. Изҳороти мазкур ҳанӯз тавассути манбаъҳои мустақил таъйид намешавад. Субҳи 9 август раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев дар Кохи Кремлин бо вазири дифои кишвараш мулоқоте анҷом дод. Медведев гуфт, ки посдорони сулҳи Русия ва ҷузвутомҳои тобеи онҳо "амалиётеро роҳандозӣ карда талош доранд ҷониби Гурҷистонро барои сулҳ водор созанд". Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, ки то имрӯз бар асари даргириҳо дар ин минтақа 1500 нафар ҷон додаанд. Маскав мегӯяд, ки беш аз 30 ҳазор сокинони Осетияи Ҷанубӣ маҳалли ҷангро тарк гуфта вориди хоки Русия мешаванд. Дар ҳамин ҳол, генерал Анатолий Ноговитсин, муовини фармондеҳи ситоди кулли нирӯҳои Русия дар як нишасти матбуотие дар Маскав ба хабарнигорон гуфт, ки дар ҷараёни даргириҳо Русия ду ҳавопаймояшро аз даст дод. Бо зикри ин матлаб вай мушаххасан нагуфт, ки оё ин ҳавопаймоҳо кай ва дар куҷо нобуд шудааст. Мақомоти Гурҷистон гуфтанд, ки ҳавопаймоҳои Русия бандарии Потии Гурҷистонро дар Баҳри Сиёҳ ва дигар ҳадафҳо дар қаламрави ин кишвар, аз ҷумла шаҳри Гориро бомборон карданд.
XS
SM
MD
LG