Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17 миллион евро қарзи Фаронса ба Тоҷикистон


Фаронса ба хотири иҷрои барномаи эҳдоси терминали ҷадиди мусофирбарӣ дар фурудгоҳи Душанбе беш аз 17 миллион евро қарзи боимтиёз ҷудо мекунад. Вазорати молияи Тоҷикистон гуфтааст, қарордоди марбута байни ин вазорат ва сафорати Фаронса дар Душанбе рӯзи ҷумъа, 8 август имзо хоҳад шуд. Тибқи лоиҳае, ки рӯзи 27 июл дар пойтахти Тоҷикистон аз ҷониби ду ширкати сохтмонии Фаронса муаррифӣ шуд, сохтмони дуқабатаи терминали ҷадид дар майдони 11 000 метри мураббаъ қомат хоҳад афрохт, ки дар муқоиса бо толори кунунии фурудгоҳи Душанбе 4 маротиба бузургтар аст.

XS
SM
MD
LG