Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири дохилаи Русия вориди Суғд шуд


Вазири дохилаи Русия Рашид Нургалиев ҳамроҳи як ҳайати ин вазорат субҳи имрӯз, 7-уми август, аз Душанбе ба Хуҷанд ворид шуд. Маҳмадулло Асадуллоев, сарвари маркази матбуоти вазорати дохилаи Тоҷикистон, гуфт, ки ҳайати Русия ҳамроҳ бо масъулини вазорати дохилаи Тоҷикистон барои баргузории як ҷаласаи ҳайати мушовараи вазоратҳои дохилаи Тоҷикистону Русия ҷамъ омадаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҷаласа ду масъала асосан мавриди баррасӣ қарор мегирад, аз ҷумла муборизаи муштараки Тоҷикистон ва Русия алайҳи ҷиноёти муташаккил ва ҷустуҷӯ ва ошкор кардани ҷинояткорони дар таҳти пайгард дар ин ду кишвар қарор дошта ва ҳамчунин пайдо кардани нафарони бедарак гумшуда. Ҳамзамон баъзе манбаъҳо мегӯянд, ки мавзӯъҳои муҳоҷирати корӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир низ дар ин ҷаласа баррасӣ хоҳад шуд. Қарор аст, ин нишаст субҳи фардо баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG