Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷомеъаи ҷаҳонӣ низомиёни Мавританияро маҳкум кард


Иттиҳодияи Африқо, Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида табаддулоти низомӣ дар Мавританияро маҳкум карданд. Намояндаи Комиссиюни Аврупо Луи Мишел изҳор кард, ки Иттиҳодияи Аврупо шояд кумаки молӣ ба ин кишвари африқоиро қатъ кунад.

Дирӯз низомиёни Мавритания ҳукуматро ишғол карда эълом доштанд, ки раҳбарии “Шӯрои давлати”-ро фармондеҳи Горди президентӣ генерал Муҳаммад Абдулазиз бар ӯҳда гирифтааст. Низомиён Кохи раиси ҷумҳур дар пойтахт - шаҳри Нуакчотро ишғол ва раиси ҷумҳур Сидӣ Муҳаммад Шайх Абдуллоҳ ва чанд мансабдори олимартабаи дигарро боздошт карданд.
Табаддулоти низомӣ баъд аз он сурат гирифт, ки бо амри раисиҷумҳур чанд тан аз ҳарбиёни олирутба аз мақомҳои худ барканор шуданд. Се сол пеш низ дар Мавритания табаддулоти низомӣ рух дода буд ва аммо баъдан дар кишвар интихоботи раисиҷумҳур доир гардид.
XS
SM
MD
LG