Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рекорд"-и Русия дар фурӯши силоҳ


Русия мегӯяд, ғолибан тиҷорати силоҳаш имсол ба як мизони барои даврони пасошӯравӣ бесобиқа хоҳад расид.

Михаил Дмитриев, раҳбари Хадамоти федеролии ҳамкориҳои низомиву фаннӣ гуфтааст, содироти аслиҳаи русӣ дар соли ҷорӣ тақрибан 8 миллиард долларро ташкил хоҳад дод.

Ба ҳисоби Пажӯҳишгоҳи байналмилалии сулҳ, мақараш дар Стокҳолми Шветсия, тайи 5 соли гузашта Русия тақрибан чаҳоряки тиҷорати аслиҳаи ҷаҳонро дар даст доштааст ва дар сабқати фурӯши аслиҳа танҳо аз Амрико ақиб мемонад.

XS
SM
MD
LG