Пайвандҳои дастрасӣ

Чин ба таъмини амнияти Олимпиада мутмаин аст


Мақомоти Чин мегӯянд, онҳо мутмаинанд, ки тавони расидагӣ ба ҳар навъ таҳдид ба Бозиҳои тобистонаи олимпиро, ки рӯзи ҷумъа дар Пекин, шурӯъ мешавад, доранд.

Ин изҳори итминон аз сӯи сухангӯи Бозиҳои Олимпӣ Сун Вейде ҳамагӣ як рӯз баъд аз ҳамлаи пурқурбонӣ ба як посгоҳи марзӣ дар вилояти умдатан мусалмоннишини Шинҷон садо медиҳад. Дар асари он ҳамла 16 маъмури пулис кушта шуданд.

Вазорати умури дохилаи Чин ба эҳтимоли даст доштани Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ дар ҳамлаи дирӯза ишора карда мегӯяд, ҳарду ҳамлагар бо худ асноде доштаанд, ки ба ҷиҳод даъват мекард.

Матбуоти давлатии Чин дар ҳамин ҳол менависад, мақомот тадобири амниятиро дар Шинҷон афзоиш додаанд.

XS
SM
MD
LG