Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи кумак ба манотиқи офатзадаи Укроин


Виктор Юшенко, раисиҷумҳури Укроин обхезӣ дар манотиқи ғарбии кишварро "мудҳиштарин фоҷиа баъд аз ҳодисаи Чернобил" номид. Ӯ дирӯз аз сарвазир Юлия Тимошенко даъват кард, ки ҳукумат ба таври оҷил тарҳи эҳёи роҳҳои мошингард дар манотиқи офатзадаро таҳия кунад. Ба иттилоъи расмӣ, бар асари обхезӣ дар ғарби Укроин 38 нафар ба ҳалокат расида ваё беному нишон ғайб задаанд.
Ба мардуми манотиқи офатзадам Укроин аллакай Русия, Лаҳистон, Литва, Чехия ва Маҷористон кумаки башарӣ фиристоданд. Иттиҳодияи Аврупо, НАТО, СММ, ИМА, Ҷопон ва Испания низ эълом доштанд, ки ба Укроин кумаки башарӣ ва фаннӣ ироа мекунанд.

XS
SM
MD
LG