Пайвандҳои дастрасӣ

Ваъдаи Ҳинд ба Афғонистон


Давлати Ҳинд ваъда додааст, ки ҷиҳати эҳёи Афғонистон ба ин кишвар 450 миллион доллар кӯмак хоҳад кард. Аҳди кӯмак ба Афғонистон дар ҷараёни боздиди раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай аз Ҳиндустон дода шуд. Бино ба гузоришҳо, зимни ин сафар Ҳомиди Карзай ва нахуствазири Ҳинд Маҳмоҳан Сингҳ доир ба амнияти коргарони ҳинд дар Афғонистон сӯҳбат кардаанд. Моҳе пештар рӯзи 7 июл дар назди сафорати Ҳинд дар Кобул, як ҳамлаи террористӣ ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он 58 нафар аз ҷумла ду дипломати ҳиндӣ ҷон доданд. Ҳинду Афғонистон гуфтаанд, ки Хадамоти Ҷосусии Покистон Ай Си Ай дар тарҳрезии ин ҳамла даст дорад.

XS
SM
MD
LG