Пайвандҳои дастрасӣ

Яке аз мудирони ширкати ЮКОС муҷрим шинохта шуд


Додгоҳи шаҳри Маскав имрӯз яке аз мудирони аршади ширкати нафтии ЮКОС Леонид Невзлинро барои даст доштан дар куштор ва сӯйиқасд, аз ҷумла қатли шаҳрдори Нефтюганск дар соли 1998 муҷрим шинохт. Маҳкумияти Леонид Невзлин ба дар ғайби ӯ содир шуд зеро вай дар соли 2003, дар пайи боздошти Михаил Ходорковский, бунёдгузори ЮКОС, дар Исроил ба сар мебарад ва то ин муддат мақомоти Кремл натавонистааст ӯро бозгардонад. Оқои Невзлин ин ҳама иттиҳомоти Маскав алайҳи ӯро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG