Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти генерал Демпсӣ бо президенти Тоҷикистон


Рӯзи панҷшанбе дар пойтахти Тоҷикистон фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА генерал Мартин Демпсӣ гуфт, ки ИМА Тоҷикистонро кишвари муттафиқ дар Осиёи Марказӣ мешуморад.
Баъди мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон генерал Демпсӣ иброз дошт, ИМА ҳар ташаббусеро, ки ҳадаф аз он таҳкими назму субот дар Афғонистон аст, дастгирӣ мекунад.
Дар ҷавоб ба суоли рӯзноманигорон Демпсӣ гуфт, ки ҳангоми сӯҳбат бо раҳбари Тоҷикистон масъалаи бунёди пойгоҳи низомии ИМА дар Тоҷикистон баҳс нашудааст. Ӯ афзуд, ки ду ҷониб амнияти минтақа ва ҳамкориҳои низомиву техникиро баҳс карданд.
XS
SM
MD
LG