Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти сарбозони амрикоӣ дар Ироқ коҳиш меёбад


Вазорати мудофиаи ИМА иттилоъ медиҳад, ки моҳи июл дар Ироқ 11 низомии ин кишвар ба ҳалокат расидаанд. Ин поинтарин мизони фавти сарбозони амрикоӣ дар Ироқ аз замони оғози амалиёти байналмилалии зери раҳбарии ИМА дар ин кишвар аст. Баландтарин мизони марги сарбозони амрикоӣ моҳи ноябри соли 2004-ум буд. Дар бархӯрдҳои он моҳ 137 сарбози амрикоӣ кушта шуда буданд. Сар аз миёнаҳои соли гузашта дар Ироқ мизони хушунат рӯ ба коҳиш ниҳодааст.
XS
SM
MD
LG