Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти Белград ба бархӯрд печид


Пулиси Белград барои пароканда кардани тазоҳургарони тарафдори Радован Караҷич - раҳбари пешини сербҳои боснӣ аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода кард. Теъдоде аз тазоҳургарон аз издиҳоми ба гуфтаи пулис, тақрибан 15 ҳазорнафарӣ ҷудо шуда, ба сӯи кормандони пулис санг ва ашёи мухталиф ҳаво доданд. Дар натиҷаи бархӯрд бо маъмурони амниятӣ 46 нафар, аз ҷумла 25 корманди милиса ва 21 тазоҳургар маҷрӯҳ шудаанд. Баргузоркунандаи тазоҳурот, Ҳизби Радикали Сербистон мехоҳад, то аз истирдоди Радован Караҷич ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятҳои Ҷангии Ҳейг ва ё Гаага ҷилавгирӣ кунад. Радован Караҷич, ки ба наслкушӣ муттаҳам мешавад, ҳафтае пеш дар Белград дастгир шуд.

XS
SM
MD
LG