Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили ташхиси марзҳо бо ҳамсоякишварҳо


Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, раванди ташхиси марзҳои ин кишвар бо Узбакистону Қирғизистон ба мушкил рӯбарӯ шудааст. Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, тайи як нишасти матбуотӣ гуфт, то ба ҳол қитъаҳои камбаҳси марз бо Узбакистону Қирғизистон аломатгузорӣ шудаанд, аммо мушкил дар он қитъаҳое ба миён омадааст, ки дар онҳо зарур аст шаҳрҳо, деҳаҳо ва корхонаҳои саноатӣ тақсим шаванд.

Вазири хориҷаи Тоҷикистон аз раванди аломатгузории марзҳои кишвараш бо Узбакистону Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард, аммо гуфт, «масъала содда нест, балки мураккаб аст. Аз таърих барои мо мушкили зиёд ба мерос мондааст. Хеч кас фикр намекард, ки Шӯравӣ тақсим мешавад. Имрӯз мо рӯ бо далел истодаем, бояд марзҳоямон аломатгузорӣ шаванд ва ҷоеро зинда ба зинда бибурем. Зеро шаҳрҳо ҳастанд, деҳаҳо ҳастанд, иншоотҳо, ки аз рӯйи асноди мавҷуда онҳоро бояд тақсим кард».

Вай афзуд, «бо назардошти ин ки ҳама масъала мураккаб аст, аммо раванди хеле хуб идома дорад. Вазорати мо аз ҷараёни аломатгузории марз бо Узбакистону Қирғизистон қаноатманд аст ва усулан корҳо ҳамин тавр бояд идома ёбанд».

XS
SM
MD
LG