Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Манъи фаъолияти ду ҷамоаи динӣ по бар ҷост


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тасмим гирифтааст манъи муваққати фаъолияти ду созмони динии ғайриисломӣ дар қаламрави Тоҷикистонро идома диҳад.
Се моҳ пеш бо ишора ба хилофкорӣ дар фаъолияти гурӯҳи насронии "Ҳаёти фаровон" ва "Ҷамоати имондорон" вазорати фарҳанг муҷаввизи онҳоро барои се моҳ мутаваққиф намуд. Дар ин байн созмонҳои ёдшуда мебоист камбудиҳоро рафъ намоянд. Намояндаи вазорати фарҳанги Тоҷикистон Саидбек Маҳмадуллоев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки созмонҳо то ба ҳол камбудиҳоро рафъ накардаанд ва аз ин рӯ, манъи фаъолияти онҳо ҳамоно по бар ҷост.
XS
SM
MD
LG