Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти муттаҳамҳо дар ҳамлаҳои Аҳмадобод


Рӯзи якшанбе полиси Ҳиндустон гуфт, ки шуморе аз муттаҳамҳо дар силсилаи бомбгузориҳои шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустонро боздошт мекунад. Бар асари бомбгузориҳои 26 июл дар ин шаҳри ғарбии Ҳиндустон камаш 46 нафар куштаву беш аз 160 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Ба қавли полис рӯзи шанбе дар гӯшаҳои мухталифи Аҳмадобод 16 таркиш ба амал омад. Гурӯҳе бо номи Муҷоҳидини Ҳиндустон масъулияти ҳамлаҳоро бар дӯш гирифтааст. Рӯзи ҷумъа силсилаи бомбгузориҳо дар шаҳри ҷанубии Бангалори Ҳиндустон ба вуқӯъ пайваста буд.
XS
SM
MD
LG