Пайвандҳои дастрасӣ

Дастури тундравон ба қабилаҳои Покистон


Раҳбарони тундравон дар Покистон ба сокинони маҳалҳои наздимарзӣ бо Афғонистон дастур додаанд, то худро барои муқобила бо нерӯҳои амрикоӣ дар манотиқи қабоилнишини Покистон омода кунанд. Ин давъати Қозӣ Ҳусайн Аҳмад – раҳбари созмони Ҷамоати Исломӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки бар асоси гузоришҳои таъйиднашуда, фаъолияти нерӯҳои Амрико дар наздикиҳои манотиқи наздисарҳадии Афғонистону Покистон бештар мешавад. Аммо сухангӯи Артиши Покистон генерал- майор Озар Аббос гуфт, овозаҳо доир ба ҳамлаҳои эҳтимолии заминии Амрико дар манотиқи марзӣ “бепоя” аст.

XS
SM
MD
LG