Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иқтисоди Тоҷикистонро "шикананда" хондаанд


Як муассисаи имдодии Шветсия мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон шикананда боқӣ мемонад ва сабаби он анҷоми номуназзами ислоҳоти сохторӣ, идораи заъиф, фасодкории фарогир ва бекории густурда мебошад. Дар гузориши Оҷонси Рушди Байналмилалии Шветсия (SIDA), ки як нусхаи он ба Радиои Озодӣ расид, вазъи Тоҷикистон дар соли 2007- ро таҳқиқ шуда ва дар он омадааст, бо вуҷуди рушди 7, 2 дарсадии иқтисод, Тоҷикистон дар ин роҳ назар ба солҳои гузашта ақиб рафтааст.

Муаллифони гузориш вазъи сиёсии Тоҷикистонро “мӯътадил” арзёбӣ карда, вале гуфтаанд, "агар пеши тамоюлҳои манфии феълӣ гирифта нашавад, хатари зуҳури муноқишаҳои нав дар Тоҷикистон хоҳад афзуд."

XS
SM
MD
LG