Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 9 сарбози Амрико дар Афғонистон


Дар як ҳамлаи ҷангҷӯён дар шарқи Афғонистон нӯҳ сарбози амрикоӣ кушта шудаанд. Ин ҳамла яке аз маргбортарин ҳамла ба нерӯҳои Амрико тайи солҳои ахир ба ҳисоб меравад. Як мақоми Нерӯҳои Байналмилалии ба Раҳбарии НАТО дар Афғонистон гуфт, ҷангҷӯён бо истифода аз минамёт ва силлоҳҳои дигари сабук ба мавқеъи нерӯҳои Амрико дар рустои Ванати вилояти Кунар, ҳаммарз бо Покистон ҳамла кардаанд. Як мақоми дигари НАТО дар шаҳри Брюссел эълом кард, ки даҳҳо ҷангҷӯи Толибон дар набарди якрӯза кушта шуданд. Ҳарду манбаъ аз бурдани номашон ибо кардаанд, зеро доир ба марги сарбозони амрикоӣ расман хабаре нашр нашудааст.
XS
SM
MD
LG