Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ветои Русияву Чин ба таҳримот алайҳи Зимбабве


Русияву Чин, ду узви доимии Шӯрои Амнияти СММ, рӯи тарҳи таҳримоти байналмилалӣ алайҳи Зимбабве вето гузошта, ба ин тартиб, талошҳои Амрикову Бритониё ҷиҳати ҷорӣ кардани таҳримот бар зидди президенти Зимбабве Роберт Мугабе ва мушовирони аршади ӯро замин карданд.

Қудратҳои ғарбӣ пуштибонии 9 узви Шӯрои 15-нафарии Амният аз ин таҳримотро ба даст оварданд, вале ветои Русияву Чин талошҳои онҳоро ба нокомӣ бурд.

Кишварҳои ғарбӣ эъмоли таҳримот алайҳи Зимбабверо ба далели хушунатҳо ва тақаллуби натоиҷи интихоботи ахири раёсати он ҷумҳурӣ зарур медонистанд.

XS
SM
MD
LG