Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони Гурҷистонро озод карданд.


Нерӯҳои ҳомии сулҳи Гурҷистон мегӯянд, ҷудоихоҳони Осетияи Ҷанубӣ чаҳор сарбози онҳоро раҳо кардаанд. Ин сарбозонро бо иттиҳоми ҷосусӣ дар наздикиҳои Осетияи Ҷанубӣ боздошт намуда буданд. Раиси ҷумҳури Гурҷистон Михайил Саакашвилӣ таҳдид карда буд, ки барои раҳоии ин сарбозон нерӯҳои пулисро ба он минтақаи ҷудоихоҳ мефиристад. Пас аз таркишҳои маргбор ва тирандозиҳо дар чанд рӯзи пеш танишҳо миёни Гурҷистон ва ду минтақаи ҷудоихоҳи он, яъне Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ авҷ гирифт.
XS
SM
MD
LG