Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон: шиканҷа густариш меёбад


Намояндагони созмонҳои ҳифзи ҳукуқ мегӯянд, шиканҷаи боздоштшудагон дар Тоҷикистон густариш ёфтааст, аммо масъулин беҷазо мемонанд.

Қаҳрамон Сангинов, масъули созмони Бюрои ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мегӯяд, дар қонуни кайфарии кишвар моддаи махсусе, ки ҷазо барои кормандони боздоштгоҳҳо ва мансабдоре, ки боздоштшудагонро шиканҷа медиҳанд пешибнӣ кунад, вуҷуд надорад. Ба қавли оқои Сангинов, ин маънои онро дорад, ки нафарони масъуле, ки боздоштшудагонро шиканҷа медиҳанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ҳанӯз соли 1994 Муоҳидаи байналмилалии зидди шиканҷа ва ҷазоҳои бераҳмонаи ғайриинсониро пазируфтааст ва ба қавли коршиносон мақомоти зиддахли Тоҷикистон ҳар сол ба Созмони миллали Мутаҳид дар бораи коҳиши мавориди шиканҷа дар ин кишвар дар ҳаҷми даҳҳо варақ ҳисобот ироа мекунанд.

Карим Солиев, муовини раиси Академияи милисаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, мегӯяд, дар соли қаблӣ беш аз 100 нафар кормандони макомоти ҳифзи ҳукуқ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Вай меафзояд, шахсони масъули давлат, ки боздоштшудагонро мавриди лату кӯб қарор медиҳанд, бар асоси модаҳои 316 ва 354-и қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне «баромадан аз ҳади ваколатҳои давлатӣ» ва «маҷбурсозии боздоштшудагон барои додани нишондод» метавонанд, ба ҷавогарӣ кашида шаванд. Вай афзуд, ки 30 дарсади ҷиноятҳои кормандони мақомоти милиса тибқи моддаи 316- қонуни кайфарии Тоҷикистон баромадан аз ҳади ваколат ташкил медиҳад.

Аммо Қаҳрамон Сангинов, масъули Бюрои ҳукуқи башар дар Тоҷикистон мегӯяд, модаҳои 316 ва 354 – қонуни кайфарии Тоҷикитсон ҷои моддаи махсусеро дар хусуси ҷазои масъулин барои шиканҷа додани боздоштшудагон гирифта наметавонад& Ӯ мегӯяд, адами чунин моддаи махсус дар қонуни кайфарии Тоҷикистон боис ба густариши мавориди шиканҷаи боздоштшудагон аз суи ниҳодҳои зиддахл мешавад.

Ба қавли коршиносон додгоҳҳою додситониҳо бо баҳона аз набудани чунин як моддаи махсус дар Қонуни кайфарии Тоҷикистон аз таҳқиқи мавориди шиканҷа дидани боздоштшудагон худдорӣ карда, парванда боз намекунанд ва ашхоси масъул муҷозот намешаванд.

Гулчеҳра Шарифова, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, бо ин далел, ки боздоштшудагон аслан аз сӯи кормандони мақомоти милиса ва маҳбасҳо мавриди шиканҷа қарор мегиранд, гуфт, ба кормандони мақомоти мазкур дарсҳои равоншиносӣ додан зарур аст.

XS
SM
MD
LG