Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин созмонҳои хориҷиро андозбандӣ кард


Нахуствазири Русия Владимир Путин амреро ба имзо расонд, ки молиётро аз даромади фаъолияти даҳҳо созмонҳои хориҷии ғайридавлатӣ дар қаламрави Русия то 24 % афзоиш медиҳад. Қароре, ки дирӯз ба имзо расид, шумори созмонҳои хайрияеро, ки аз пардохти молиёт озод мешаванд, аз 101 то 12 адад коҳиш дод. Дар феҳрасти ташкилоте, ки ҳамакнун бояд аз грантҳои хориҷӣ молиёт супоранд, исми созмонҳои мисли Бунёди ҳимоят аз ҷаҳони вуҳуш (WWF) ва Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх оварда шудааст. Путин бори дигар хадамоти истихборотии хориҷиро дар кӯшиши бесубот кардани вазъи Русия аз роҳи маблағгузории фаъолиятҳои зидди Кремлин тавассути созмонҳои хайрия айбдор кард.
XS
SM
MD
LG