Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи ноком болои НАТО дар Афғонистон


Як маргталаб кӯшиши анҷоми ҳамлаеро болои гурӯҳи посдорони НАТО дар шаҳри афғонии Спинболдак дар марз бо Покистон анҷом дод. Гузоришҳои аввалия ҳокӣ аз он аст, ки дар натиҷаи ин ҳамла ҳеҷ нафаре аз ҷониби НАТО зарар надидааст, аммо чанд тан аз аҳолии маҳаллӣ маҷрӯҳ шуданд. Субҳи имрӯз чархболе дар вилояти Лугар, ки ҳадафи оташ қарор гирифт, суқут кард, аммо ҳеҷ нафар аз сарнишинони он зарар надиданд. Полиси маҳаллӣ мегӯяд, ки ба назар мерасад чархбол мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифта буд.
XS
SM
MD
LG