Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз рӯзи интихоботи якҷонибаи Зимбабве аст


Имрӯз дар Зимбабве интихоботи якҷонибаи раёсатҷумҳурӣ ҷараён мегирад, ки дар он танҳо номзад раҳбари имрӯза Роберт Мугабе мебошад. Оқои Мугабе мавҷи танқидҳои байналмилалиро аз ноодилонаву ғайридемократӣ гузаштани ин интихобот ва даъватҳои мутаваққиф шудани раъйдиҳӣ нодида гирифтааст. Раҳбари мухолифин ва номзади интихоботӣ Морган Тсвангирай рӯзи якшанбе аз рақобатҳо канор рафт ва гуфт, ки тасмими ӯ бо сабаби хатми хушунатҳову фишор болои тарафдоронаш аз ҷониби ҳаводорони Мугабе гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG