Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушии полиси исроилӣ дар назди Саркозӣ


Мақомоти Исроил гуфтанд, ки як афсари полис зимни гусели раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ дар фурудгоҳ даст ба худкушӣ зад. Садои тире, ки дар ҷараёни бозии гурӯҳи мусиқии низомӣ садо дод, эҳтимоли кӯшиши ҳамлаи маргталабонаро ба миён овард ва муҳофизон зуд талош карданд раҳбарони ду кишвар - Николя Саркозӣ ва Эҳуд Олмерт, нахуствазири Исроилро аз саҳнаи ҳодиса дур кунанд. Дар таҳлукаи пешомада ҳамсари президенти Фаронса Карла Бруни-Саркозӣ давон аз рӯи пиллаҳо дохили ҳавопаймо панаҳ бурд.
XS
SM
MD
LG