Пайвандҳои дастрасӣ

100 миллион доллар даромади Толибон дар соли 2007


Антонио Марио Коста-раиси дафтари СММ дар бахши маводи мухаддир ва ҷиноёт гуфт, соли гузашта Толибон аз тиҷорати маводи мухаддир 100 миллион доллар ба даст овардаанд. Вай гуфтааст, Толибон ба кишткунандагони кукнор даҳ дарсад молиёт бастаанд ва даромад аз тиҷорати маводи мухаддир дар соли 2007 ҳудуди як миллиард долларро ташкил додааст. СММ тахмин мезанад, ки соли гузашта дар Афғонистон 92 дарсади маводи мухаддири саросари ҷаҳон тавлид шудааст.

XS
SM
MD
LG