Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод: "Аз сӯиқасде ҷон ба саломат бурдам"


Раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, ки вай зимни боздидаш аз Ироқ соли ҷорӣ аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурдааст. Сомонаи интернетии раиси ҷумҳурии Эрон менависад, ки ҳама талошҳои ҳамлагарон барҳадар рафт, чунки дар охирин лаҳза барномаҳои сафари вай бо тағйире дучор шуд. Вай нагуфтааст, ки оё дар паси ин ниятҳо чӣ касе қарор дошт, аммо аз ин афрод ба ҳайси душман ёд кард. Вай инчунин нагуфт, ки оё ба чӣ тарз ин нақша ошкор шудааст.
XS
SM
MD
LG