Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти мухолифин дар Ереван


Имрӯз дар маркази Ереван, ҷумҳурии Арманистон нирӯҳои мухолифин нахустин намоиши эътирозии худро доир мекунанд. Ин аввалин чунин ҳамоиши мухолифин баъди дар хушунатҳои баъдиинтихоботии моҳи март ба қатл расидани 8 нафар мебошад. Полис ба тазоҳургарон ҳушдор додааст, ки дур аз марказ таҷаммӯъ кунанд, чунки ба ҷуз канораҳои шаҳр дигар дар ҷое ҳақи баргузории эътирозҳоро надоранд. Мухолифин мегӯянд, ки бо чунин муқаррарот розӣ нестанд. Рӯзи 1 март дар натиҷаи задухӯрди миёни полис бо эътирозгарон, ки аз тақаллуби натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ норозӣ буданд, 8 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин интихобот Серж Саркисян баранда шуд.

XS
SM
MD
LG