Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути чархболе дар Босния


Чархболи ҳомили чаҳор сарбози нирӯҳои ҳомии сулҳи Аврупо дар қисмати марказии Босния суқут кард. Дар натиҷа ҳама чаҳор сарнинишин ба ҳалокат расиданд. Сухангӯи ин нирӯҳо гуфт, ки чархбол ба контингенти Испания тааллуқ дошт ва низомиёни кушташуда шаҳрвандони Олмону Испания буданд. Ҳанӯз дар бораи иллати рух додани ин садамаи ҳавойӣ чизе гуфта намешавад.
XS
SM
MD
LG