Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш: Эрон дар инзивоъи бештар қарор хоҳад гирифт


Раиси ҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш ва ҳамтои фаронсавияш Николя Сарказӣ дар музокирот дар Порис масоили марбут ба вазъи Афғонистону Ховари Миёна ва барномаи ҳастаии Эронро баррасӣ карданд. Баъд аз анҷоми музокирот Буш ва Саркозӣ барои хабарнигорон нишаст доир карданд. Дар ин нишаст раисиҷумҳури ИМА аз сӯи Теҳрон рад шудани пешниҳоди нави ҳамкорӣ ба Эрон ба ивази қатъи пажуҳиши барномаи ҳастаияшро маҳкум кард. Ба гуфтаи ӯ, "ин амал боиси дар инзивоъи бештари байнулмилалӣ қарор гирифтани Эрон хоҳад шуд".

Рӯзи шанбе Ҳовиер Солана, раиси бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо зимни музокирот бо мақомоти Эрон дар Теҳрон бастаи нави пешниҳодҳои шашгона – панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба изофаи Олмонро тақдим кард. Дар ин баста ба Теҳрон дар ивази қатъи барномаи ҳастаӣ ва ғанисозии ураниум ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла, дар бахши энерҷии ҳастаӣ, ва ҳамкорӣ дар бахши амниятӣ пешниҳод шудааст.

Ва аммо намояндаи ҳукумати Эрон Ғуломҳусейн Илҳом имрӯз гуфт, ки мавзӯъи қатъи барномаи ҳастаии кишвар наметавонад мавриди баррасӣ қарор гирад. Эрон иттиҳоми Ғарб дар бораи талоши дастёбӣ барои силоҳи ҳастаиро рад мекунад ва мегӯяд, ки барномаи ҳастаии кишвар аҳдофи осоишта дорад.

XS
SM
MD
LG